Садама дар қубурҳои гармидиҳии Душанбе ва бе гармӣ мондани як қисмати пойтахт

Субҳи имрӯз дар қубури гармидиҳӣ аз Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба самти маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон, 101, 102, 103 ва 104-уми пойтахт садама рух дод. Бар асари он қисмати зиёди соҳили рости дарёи Душанбе бе гармӣ монд. Дар муассисаҳои томактабии ин қисмати шаҳр аз волидон дархост мекунанд, ки фарзандонашонро аз кӯдакистонҳо ба хона баранд, […]

Субҳи имрӯз дар қубури гармидиҳӣ аз Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба самти маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон, 101, 102, 103 ва 104-уми пойтахт садама рух дод.

Бар асари он қисмати зиёди соҳили рости дарёи Душанбе бе гармӣ монд. Дар муассисаҳои томактабии ин қисмати шаҳр аз волидон дархост мекунанд, ки фарзандонашонро аз кӯдакистонҳо ба хона баранд, хонандагони мактабҳо аз дарсҳо озод шуданд. Аксари манзилҳои баландошёна низ бе гармӣ монданд.

Дар хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и Маркази барқу гармидиҳӣ ва муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки дар ҷойи садама якчанд гурӯҳҳои таъмир машғули коранд, лекин дақиқ гуфта натавонистанд, ки кай гармидиҳӣ дубора барқарор мешавад.

“Мо кор карда истодаем ва вақти дақиқи интиқоли дубораи гармиро гуфта наметавонем”, – посух доданд дар хадамоти танзим.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе 1-уми ноябри соли 2019 оғоз шуда, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.