Сарвазири Тоҷикистон ҳамтои худро аз Қатар ба Душанбе даъват кард

Date:

Дар Давҳа сарвазир, вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир даъватномаи сарвазири Тоҷикистонро ба сарвазири Қатар барои иштирок дар Дувумин Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим намуд.

Гуфта мешавад, сарвазири Қатар бо изҳори сипос даъватномаро пазируфта, аҳаммияти Конфронси Душанберо ҷиҳати пешбурд ва татбиқи муштараки Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дар дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related