Сарвазири Тоҷикистон ҳамтои худро аз Қатар ба Душанбе даъват кард

Дар Давҳа сарвазир, вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир даъватномаи сарвазири Тоҷикистонро ба сарвазири Қатар барои иштирок дар Дувумин Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии […]

Asia-Plus

Дар Давҳа сарвазир, вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир даъватномаи сарвазири Тоҷикистонро ба сарвазири Қатар барои иштирок дар Дувумин Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим намуд.

Гуфта мешавад, сарвазири Қатар бо изҳори сипос даъватномаро пазируфта, аҳаммияти Конфронси Душанберо ҷиҳати пешбурд ва татбиқи муштараки Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дар дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.