Маълумот дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба ВАО пешниҳод намешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мавзеи дидбонгоҳҳои назоратии “Гулистон” ва “Қизил Бел”-и сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар доир гардида, дар он масоили таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ шуд.

Аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ, ки таҳти раёсати муовинони сарвазирони кишварҳо Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов баргузор шуд, ҷонибҳо протокол ба имзо расониданд.

Дар банди чоруми ин протокол чунин зикр шудааст: ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти пешакӣ оид ба корҳои ҷараёндошта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба ВАО пешниҳод намешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳайати Тоҷикистон хабар дод, доир ба рӯйдодҳои ҷараёндоштаи сарҳад маълумоти мувофиқашудаи ҳар ду тараф манзур мегардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин созиш ҳосил карданд, ки 114 километр қаламрави наздисарҳадиро харитасозӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои кории топографӣ бояд то 1-уми марти соли 2020 вариантҳои мувофиқашудаи ивази мутақобилаи баробарандозаи қитъаҳои заминро байни ноҳияи Ботканд ва шаҳри Исфара дар қитъаҳои Самарқандак ва Кӯк-Тош таҳия созанд.

Ин ҷо дар бораи қитъаҳое сухан меравад, ки ба шакли "катакҳои шоҳмотӣ" дар сарҳади байни кишварҳо ҷойгир шудаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин тавофуқ ҳосил карданд, ки посбонии муштараки қитъаҳои сарҳадро, ки дар онҳо бештар низоъҳо рух медиҳанд, тақвият бахшанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ба ВКД-ҳои Тоҷикистону Қирғизистон супориш дода шуд, ки созмондиҳандагон ва иғвогарони сар задани низоъ дар сарҳадро ошкор ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Душанбе ва Бишкек ҳамчунин созиш ҳосил карданд, ки дар кӯчаҳои маҳаллаҳои аҳолинишини воқеъ дар наздикии сарҳад таҷҳизоти равшанибахш ва камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб кунанд.

Дар сурати рух додани муноқиша, сабтҳо аз ин камераҳо бояд барои тамошо ва таҳлили вазъ ба ҳар ду тараф дода шаванд.

Таҷҳизоти равшанибахши хиёбонӣ ҳамчунин бояд дар қитъаи роҳи Ош-Ботканд-Исфана, ки тариқи қаламрави Жака-Оруқ дар буриши роҳи Исфара-Ворух мегузарад, гузошта шавад.

Тавре хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Бишкек бо иштироки сокинони вилояти Ботканд ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гирдиҳамоӣ ҷараён дорад.

“Шахсеро раиси вилоят таъин карданд, ки чизеро ҳал намекунад. Ба мо роҳбарони қавӣ лозиманд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон гуфтугӯйи баробар кунанд. Бархе аз мансабдорони мо ба манфиати ҳамсояҳо кор мекунанд ва ба қирғизистониҳо, ки барои ҳимояи манзил ва сарзамини худ баромадаанд, фишор меоранд”, – гуфтааст яке аз иштирокдорони гирдиҳамоӣ.

Дар гирдиҳамоӣ талаби истеъфои намояндаи ваколатдор Акрам Мадумаров ва муовини сарвазир Жениш Раззоқов садо додааст.

“Ба Жениш Раззоқов боварӣ нест. Ӯ бояд ба истеъфо равад”, – талаб мекунанд иштирокдорони гирдиҳамоӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...