NYT видеои ба Boeing дар Эрон бархӯрдани ду мушакро намоиш дод

Камераи мушоҳидаи видеоӣ, ки дар болои боми бино каме дуртар аз деҳаи Бидкон (наздикии шаҳри Теҳрон) насб шудааст, эҳтимол ба ҳавопаймои украинӣ дар Эрон 8-уми январ бархӯрдани ду мушакро сабт кардааст. Видео дар торнамои The New York Times (NYT) нашр шудааст. Дар навор дида мешавад, ки нахуст як мушак ва тақрибан баъд аз 30 сония мушаки дуюм […]

Камераи мушоҳидаи видеоӣ, ки дар болои боми бино каме дуртар аз деҳаи Бидкон (наздикии шаҳри Теҳрон) насб шудааст, эҳтимол ба ҳавопаймои украинӣ дар Эрон 8-уми январ бархӯрдани ду мушакро сабт кардааст. Видео дар торнамои The New York Times (NYT) нашр шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки нахуст як мушак ва тақрибан баъд аз 30 сония мушаки дуюм ба сӯйи ҳавопаймо партоб мешавад. Ҳеҷ кадоме аз мушакҳо дарҳол ҳавопайморо сарнагун намекунад. Дар видео дида мешавад, ки пас аз бархӯрдани мушаки дуюм ҳавопаймо боз қариб 1 дақиқа дар фазо парвоз карда, сипас оташ мегирад ва босуръат ба замин меафтад.

Нашрия қайд мекунад, ки сабт рӯзи 14-уми январ дар YouTube пайдо шуд. NYT дақиқ мекунад, ки ба видеохостинг онро корбаре аз Эрон гузоштааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои Boeing 737-800 рӯзи 8-уми январ пас аз парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон дучори садама шуд. Бар асари он ҳамаи ҳайати сарнишинону мусофирони ҳавопаймо – 176 нафар ҳалок шуданд.

Эрон нахуст ба замин афтодани ҳавопайморо нуқси техникӣ маънидод кард, аммо баъдан эътироф намуд, ҳавопаймо иштибоҳан аз ҷониби оператори низоми зиддиҳавоӣ, ки онро мушаки болдор пиндоштааст, сарнагун карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.