Қабули тағйирот ба ҷалби сармоягузорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, ки ба ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармоя, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун имкон медиҳанд, қабул кард. Мувофиқи тағйирот сармоягузориҳо ҳамчунин барои рушди “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) низ ҷалб шуда метавонанд. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ТАЛКО аз […]

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, ки ба ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармоя, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун имкон медиҳанд, қабул кард.

Мувофиқи тағйирот сармоягузориҳо ҳамчунин барои рушди “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) низ ҷалб шуда метавонанд. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ТАЛКО аз 1-уми ноябри соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии кушода табдил ёфт.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Орзу Аҳмадзода, ки дар ҷаласаи парлумон иштирок дошт, дархости рӯзноманигоронро бобати шарҳу тавзеҳи тағйироти қабулшуда рад кард.

Тибқи қонун “Дар бораи хусусигардонӣ”, ки моҳи феврали соли 2009 қабул шуд, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Роғун, ҳамчунин “Ширкати алюминии тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд.

Онҳо иншооти муҳими давлатӣ ва стратегӣ эътироф шудаанд. Айни замон ба феҳристи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд, иншооти таъиноти мудофиавӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.