Дар Душанбе корхонаи ҷуроббофӣ ба кор даромад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 15-уми январ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти ҶДММ “Ваҳдат”, ки ба истеҳсоли ҷуроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона бо ташаббус ва маблағгузории бевоситаи соҳибкори тоҷик Илҳом Мирзоев бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он 19,2 млн.ҷуфт ҷуробро дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 15-уми январ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти ҶДММ “Ваҳдат”, ки ба истеҳсоли ҷуроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона бо ташаббус ва маблағгузории бевоситаи соҳибкори тоҷик Илҳом Мирзоев бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он 19,2 млн.ҷуфт ҷуробро дар як сол ташкил медиҳад.

Айни замон навбати аввали корхона мавриди истифода қарор гирифта, навбати дуюми он давоми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Дар корхона намудҳои гуногуни ҷуробҳои мардонаву занона ва барои кӯдакону наврасон, инчунин ҷуробҳои варзишӣ истеҳсол карда мешаванд.

Воридоти хатҳои технологии корхонаии “Ваҳдат” аз ҷумҳуриҳои Туркия, Италия ва Чин сурат гирифта, дастгоҳҳои насли нав дониста мешаванд. Маҳсулоти корхона сифатан хуб ва рақобатпазир истеҳсол шуда, ба бозорҳои Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.