КМИР рӯйхати номзадҳои аҳзоби сиёсиро ба вакилӣ тасдиқ кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯйхатҳои 7 ҳизби сиёсии кишвар, ки намояндагони худро аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кардаанд, аз ҷониби Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.

Тавре ба Азия-Плюс” аз КМИР ҶТ хабар доданд, аз Ҳизби аграрӣ 13 нафар номзадҳо тасдиқ шудаанд:​ Латифзода Рустам, Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович, Усмонов Мансур Саломович, Холбойзода Неъматулло Холбой, Сафаров Зайниддин,  Ахмедов Мирзоанвар, Мусозода Шодӣ Абдухолиқ, Мирзозода Музаффар Бурҳон, Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар, Ниёзов Нуралӣ Сафарович, Сафарова Рупия Ҳакимовна ва Зиё Раҳмон.

Аз Ҳизби демократии Тоҷикистон 4 нафар номзадҳо ба вакилии парлумон пешниҳод шудаанд: Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, Холов Диловар, Зиёзода Таваралӣ Нозимпур ва Мирзоева Зуҳро.

Аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: Қудратов Рустам Раҳматович, Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич, Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Ализода Зафар Ахмадҷон, Раҳимов Абдулатиф Маҷидович ва Раззоқов Боҳодур Ҳаётович – ҳамагӣ 7 номзад.

Аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: Абдуллоев Мироҷ Санонович, Мирасанова Зарагул Боваровна, Мирзоева Қурбонҷон, Ёров Ҳабибулло Изатуллоевич, Ҳамидов Ҳикматулло ва Раҳмонов Азизҷон Салмонович – ҳамагӣ 6 нафар.

Аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 8 номзад: Ғаффоров Абдуҳалим, Юсупов Маъруфхуҷа Мадалихуҷаевич, Наимов Зариф Ҷомиевич, Рустамова Миҷгона Салоҳуддиновна, Боқиев Фаррух Махсудович, Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна, Бобоҷонова Наргиза Мухторовна ва Қобилова Уғул Мирзоевна.

Аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 8 номзад: Зойиров Раҳматилло Ҳомидович, Ҳакимов Шокир Қосимҷонович, Самадова Дилбар, Насруллоев Бахтиёр, Шоназарова Нигина, Одинаев Маҳмурод Шарифович, Азизов Қиёмиддин Маликшоевич ва Саидов Сиддиқ.

Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзад: Фаттоҳзода Саймурод Самад, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло,  Тағойзода Сумангул Саид, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Қосимзода Идигул Тағо, Амонулло Хайрулло, Матробиён Саодатшо Қосимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло, Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович, Идизода Файзалӣ Фузайлшо, Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, Ҷӯразода Шарофиддин, Назаров Файзалӣ Насруллоевич, Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир, Давлатзода Рухсора, Тешаева Сафиямоҳ Саломовна, Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна, Амирбекзода Ҳабибулло, Давлатзода Зулфия Давлат, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович, Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода ва  Абдуллозода Фариза Саидқул.

КМИР Тоҷикистон аз аҳзоби сиёсӣ дархост кардааст, ки барои расман бақайдгирии номзадҳояшон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд.

Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумон то 9-уми феврал идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...