Футболбозони навраси тоҷик бар тими Исландия пирӯз шуданд

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми рушд – 2020” дар Минск (Беларус) тими ҳамсолони худро аз Исландия (U-17) бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими наврасони то 16-солаи тоҷик бозии нахустини худро бо ғалаба оғоз карда, тӯбҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф […]

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми рушд – 2020” дар Минск (Беларус) тими ҳамсолони худро аз Исландия (U-17) бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими наврасони то 16-солаи тоҷик бозии нахустини худро бо ғалаба оғоз карда, тӯбҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм 21-уми январ бо Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдрас мекунем, 8 даста  дар “Ҷоми рушд – 2020” дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд ва дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои дарёфти мақоми сеюми ин мусобиқа вомехӯранд. Ҳамчунин бозиҳо барои ҷойҳои панҷуму ҳафтум ҷараён мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.