Муовини сарвазир бо вазирони адлияву меҳнат аз вазифа озод шуданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ бо фармонҳои худ муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, инчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзодаро аз вазифа озод кард.

Маҳмадтоир Зокирзода 30-юми марти соли 2016 ба мансаби муовини сарвазир  таъин шуда буд. Қаблан вазири кишоварзӣ буд. Ӯ дар рӯйхати ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Ҳамчунин номзадиҳои вазири адлия Рустами Шоҳмурод, ки ин мақомотро аз соли 2012 то имрӯз роҳбарӣ мекард ва Сумангул Тағойзода, ки 7 сол инҷониб вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ буд, аз рӯйхати ҲХДТ ба вакилии парлумон пешбарӣ шуданд.

Музаффар Ашӯриён, ки то ин вақт муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буд, вазири адлияи ҶТ таъин карда шуд.

Муовини вазири иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ таъин карда шуд.

Дар торнамои раисҷумҳур инчунин қарорҳои Ҳукумати ҶТ дар мавриди шахсони зерин нашр гардиданд:

Хайриддин Усмонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Муҳриддин Низомӣ таъин гардид.

Раҳматулло Мирбобоев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда ба ҷойи ӯ Муҳаммаддовуд Саломиён таъин карда шуд.

Абдулло Табарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод карда шуд. Ҷойи ӯро Абдусалом Мирализода ишғол кард.

Файзалӣ Идизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Маҳмуд Шоҳин таъин гардид.

Бо сабаби ба кори дигар гузаштан Шариф Ҳакимзода аз вазифаи мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои кадрҳо ва Лутфия Абдулхолиқзода аз вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ озод карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...