Муовини сарвазир бо вазирони адлияву меҳнат аз вазифа озод шуданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ бо фармонҳои худ муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, инчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзодаро аз вазифа озод кард. Маҳмадтоир Зокирзода 30-юми марти соли 2016 ба мансаби муовини сарвазир  таъин шуда буд. Қаблан вазири кишоварзӣ буд. Ӯ дар рӯйхати ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст. […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ бо фармонҳои худ муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, инчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзодаро аз вазифа озод кард.

Маҳмадтоир Зокирзода 30-юми марти соли 2016 ба мансаби муовини сарвазир  таъин шуда буд. Қаблан вазири кишоварзӣ буд. Ӯ дар рӯйхати ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Ҳамчунин номзадиҳои вазири адлия Рустами Шоҳмурод, ки ин мақомотро аз соли 2012 то имрӯз роҳбарӣ мекард ва Сумангул Тағойзода, ки 7 сол инҷониб вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ буд, аз рӯйхати ҲХДТ ба вакилии парлумон пешбарӣ шуданд.

Музаффар Ашӯриён, ки то ин вақт муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буд, вазири адлияи ҶТ таъин карда шуд.

Муовини вазири иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ таъин карда шуд.

Дар торнамои раисҷумҳур инчунин қарорҳои Ҳукумати ҶТ дар мавриди шахсони зерин нашр гардиданд:

Хайриддин Усмонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Муҳриддин Низомӣ таъин гардид.

Раҳматулло Мирбобоев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда ба ҷойи ӯ Муҳаммаддовуд Саломиён таъин карда шуд.

Абдулло Табарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод карда шуд. Ҷойи ӯро Абдусалом Мирализода ишғол кард.

Файзалӣ Идизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Маҳмуд Шоҳин таъин гардид.

Бо сабаби ба кори дигар гузаштан Шариф Ҳакимзода аз вазифаи мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои кадрҳо ва Лутфия Абдулхолиқзода аз вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ озод карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.