“Вийд” – аввалин намоишномаи театри Лоҳутӣ барои кӯдакон дар соли 2020

Суннатуллоҳи Мирзо, махсус барои Asia-Plus

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз, 21-уми январ намоишномаи театрӣ барои кӯдакон бо номи “Вийд”-ро аввалин бор дар соли ҷорӣ ба намоиш гузошт.

Намоишнома 3 маротиба пешкаши тамошобинон шуда, онро дар ҷамъ наздики 1200 нафар кӯдакону наврасон диданд.

Ба иттилои коргардони он Баҳром Қурбонзода, намоишнома аз рӯйи асари драматург Ҷумъа Қуддус “Вийд” таҳия гардидааст. Он солҳои қабл низ чандин бор манзури бинандагон шудааст. Аммо бо дархости роҳбарияти як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе боз ба саҳна гузошта шуд ва дар соли 2020 аввалин намоишномаи театри мазкур барои кӯдакон буд.

Муаллифи асари “Вийд” Ҷумъа Қуддус дар суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки маҳсули эҷоди ӯ дар бораи “хонабон”, ки тибқи фаҳмиши мардуми рус (“домовой”) дар хонаҳо мавҷуд аст, қисса мекунад.

– Ин фаҳмиш миёни мардуми кишвари мо солҳои қаблӣ мавҷуд буд, ки дар манзилҳо “хонабон” ҳаст. Аммо ҳоло дигар ин гуна андешаву боварҳо арзиши худро гум кардаанд. Вале замони таълифи асар, ки аллакай 5-6 сол шуд, аз дӯстонам фаҳмидам, ин фаҳмишу боварҳо дар миёни гурӯҳҳое аз мардуми Бадахшон то ҳол ба гунаҳое боқӣ мондааст. Дар он мавзеъ “хонабон”-ро бо номҳои “войт”, “вуйт”, “вийд” ё “вайд” ном мебаранд. Ба фаҳмиши бовардорон “вийд” ва ё ҳамон “хонабон” барои рафъи мушкилот ва сахтиҳои зиндагии аъзои хонавода кумак мекунад. Ҳарчанд ин ақидаҳо асосҳои илмӣ надоранд, вале дар миёни мардум то ҳол вуҷуд доштаанд, – гуфт Ҷумъа Қуддус.

Ба андешаи драматург, ҳадаф аз таълифи ин асар ва “хонабон” ё “вийд”-ро ҳамчун намунаи нерӯи кумакрасон интихоб кардан тарбияи дурусти кӯдакону наврасон аст. 

– Ба кӯдакон бояд омӯзонд ва таъкид кард, ки агар дар зиндагӣ нерӯву тавон ва имконоти фавқулоддае ба даст оварданд, бояд ҳамеша барои анҷоми корҳои дурусту нек сарф бикунанд. Ин як роҳи мувофиқи ба дарку фаҳмиши кӯдакон расонидани панду андарз аст. Яъне истифода аз унсурҳои афсонавию достонӣ асарро барои кӯдакону наврасон ҷолибтар мекунад. Коргардони намоишнома Баҳром Қурбонзода, ки соли 2019 ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар соҳаи санъат ба даст оварда буд, намоишномаро бо маҳорати хуб таҳия карда, ба саҳна гузошт, ки ин маротиба бештар аз ҳазор нафар кӯдакону наврасон онро бо завқи баланд диданд, – афзуд драматург.

Ҳамзамон коргардони “Вийд” Баҳром Қурбонзода иброз дошт, ки мувофиқи нақшаи қаблан тасдиқшуда намоишнома то рӯзи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба саҳна гузошта хоҳад шуд. Баъд аз он ҳам агар тамошобинон дархост кунанд, таҳиягарон дар мавриди боз ба саҳна гузоштани ин намоишнома тасмим мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...