Чӣ ва то кадом андоза? Маҳсулот дар Тоҷикистон бамаротиб қимат шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли 2019 ба нишодиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид.

Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 10,9%, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ – 4,2% ва тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ – 5,5% боло рафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дошт, ки соли 2019 таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад.

Нархи кадом маҳсулоту хизматрасониҳо боло рафт?

Маҳсулоти озуқаворӣ:

Сабзавот – 25,3%

Гӯшт – 21,8%

Маҳсулоти нонӣ – 16,5%

Маҳсулоти ширӣ – 6,4%

Тухм – 6,4%

Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ:

Маҳсулоти дорусозӣ (фармасевтӣ) – 13%

Дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 7,9%

Хишти сохтмонӣ – 6,2%

Воситаҳои шустушӯйӣ – 3,3%

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Равуо бо нақлиёти ҳавоӣ – 11,1%

Хизматрасониҳои таъминот бо об – 4,3%

Хизматрасониҳои маишӣ – 3,8%

Равуо бо нақлиёти автомобилӣ – 2,9%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...