Идомаи амалиёти “Корд” дар Душанбе ва боздошти 10 нафар

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе 10 кас боздошт шудаанд, ки 2 нафарашон меҳмонони пойтахт – сокинони вилояти Суғд мебошанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсияи пойтахт дар марҳилаи навбатӣ 10 нафарро боздошт карданд, ки бо худ силоҳи сард мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт […]

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе 10 кас боздошт шудаанд, ки 2 нафарашон меҳмонони пойтахт – сокинони вилояти Суғд мебошанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсияи пойтахт дар марҳилаи навбатӣ 10 нафарро боздошт карданд, ки бо худ силоҳи сард мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз онҳо 10 адад корд дарёфту мусодира шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо силоҳи сард мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, нисбат ба ду нафар ҳабси маъмурӣ, дар нисбати волидайни як ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) ва нисбат ба 7 нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохуши он огаҳанд, бетараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд, то онҳо чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ҳамроҳи худ гардонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.