Маркази Душанбе як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад

Дар робита бо баргузории корҳои таъмир дар шабакаи қубурҳои обгузар қисмати марказии шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулов, инчунин ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин […]

Дар робита бо баргузории корҳои таъмир дар шабакаи қубурҳои обгузар қисмати марказии шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулов, инчунин ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин ва Теҳрон  аз соати 23-00 рӯзи 21 январи соли 2020 то соати 24-00 рӯзи 22 январ қатъ мешавад.

Ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори КВД «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо бо истифодааз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.