Интернети 4G-и “МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони Спитамен

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G-ро дар ноҳияи Спитамен ба кор даровард. Ба Муштариёни оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ хизматрасонии интернети мобилӣ бо суръатҳои то 40-50 Мбит дар як сония дастрас шуд, ки ин аз суръатҳои муқаррарии шабакаи 3G 6-7 маротиба баландтар аст. Дар баробари ин, нархи интернети мобилӣ бетағйир боқӣ монд.  

Суръатҳои 4G тамошои филмҳоро бо сифати аъло, боргирии файлҳои вазнин ва анҷомдиҳии дилхоҳ амалро дар интернет қулай мегардонанд. Масалан, агар боргирии филми пурраметраж бо андозаи 1,5 Гб дар шабакаи 3G тақрибан 1 соатро дар бар гирад, дар шабакаи 4G амали мазкурро метавон ҳамагӣ дар давоми 8-10 дақиқа анҷом дод. Бо баландшавии суръат нархи интернети мобилӣ тағйир наёфтааст: нархи 4G ба нархи 3G баробар аст. Масалан, тарофаи “Биё: Фаъол бош” дар як шабонарӯз 3,3 сомонӣ арзиш дошта, истифодаи он дар смартфонҳо хеле қулай аст.

“Бо корандозии пойгоҳҳои базавӣ дар Спитамен МегаФон Тоҷикистон марҳилаи муҳимми инкишофи шабакаи 4G-ро ба поён расонид – яъне хусусиятҳои ҳамаи шаҳрҳои вилояти Суғдро аз худ намуд. Мо интернети босуръаттарини мобилиро* аллакай на танҳо дар шаҳрҳо, балки инчунин дар ҷамоатҳои минтақа низ пешниҳод менамоем. Дар баробари ин, сифати хизматрасонӣ ҳам дар ҳудудҳои кушода, ҳам дар дохили биноҳо хеле хуб аст”, – изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов.

Барои истифода аз суръатҳои баландтарини интернет дастгоҳи мобилӣ бо дастгирии технологияи 4G зарур меояд. Харидории онҳо бо нархҳои дастрас дар идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имконпазир аст – дар онҳо интихоби васеи смартфонҳо ва роутерҳо, ки метавонанд интернетро якбора ба даҳ гаҷети мобилӣ “тақсим намоянд”, пешниҳод карда шудааст. Ин барои оилаи калон ё ҳайати кормандони ягон фирмаи хурд имконияти хеле мусоид ва қулай аст. Дар баробари ин, суръатҳои нисбатан баланд ҳатто дар дастгоҳҳо бе дастгирии шабакаи 4G таъмин карда мешаванд.

Маълумоти муфассалро дар бораи дастгоҳҳо ва иқдомҳои оператор метавон дар идораҳои хизматрасонӣ ё дар сомонаи www.shop.megafon.tj дастрас намуд.

*Мувофиқи маълумоти Ookla (истеҳсолкунандаи сервиси Speedtest), МегаФон Тоҷикистон мизоҷони худро бо интернети аз ҳама босуръат дар кишвар таъмин намуд. Тадқиқот ҳарсола дар тамоми олам гузаронида мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...