ВКХ ба 4 корманди Радиои Озодӣ иҷозаи кор дод

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ним сол аккредитатсия ё парвонаи кор дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти вазорат рӯзи 21-уми […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ним сол аккредитатсия ё парвонаи кор дод.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти вазорат рӯзи 21-уми январ гуфтанд, Барот Юсуфӣ (Бароталӣ Назаров), Орзуи Карим (Орзу Бедимоғов), Абдуғанӣ Баротов ва Салоҳиддин Мирзоев то 21-уми июни имсол ҳаққи кор кардан доранд. Ҳоло 7 корманди дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли гузашта парвонаи кори Барот Юсуфиро, ки муҳлати анҷомшавиаш то моҳи апрели соли 2020 буд, бозхонд кард. ​

Раҳбарияти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ ба манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр… зери фишори зиёд қарор гирифт".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.