Фарида пас аз 5 ҷарроҳию мушкилоти рӯзгор соҳиби ҷойи кор шуд

Барои фаъолияти маъюби гурӯҳи дуюм Фарида Қодирова дари чандин коргоҳу муассиса баста буд. Мушкилоти ӯ дар шабакаи иҷтимоии Facebook инъикос шуд. Сипас ӯро дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба кор қабул карданд. Фарида бо модару хоҳараш Фирӯза дар хонаи модаркалон дар ҷамоати деҳоти Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ доранд. Модараш дар бозор машғули нонфурӯшӣ буда, ҳамарӯза […]

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Барои фаъолияти маъюби гурӯҳи дуюм Фарида Қодирова дари чандин коргоҳу муассиса баста буд. Мушкилоти ӯ дар шабакаи иҷтимоии Facebook инъикос шуд. Сипас ӯро дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба кор қабул карданд.

Фарида бо модару хоҳараш Фирӯза дар хонаи модаркалон дар ҷамоати деҳоти Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ доранд. Модараш дар бозор машғули нонфурӯшӣ буда, ҳамарӯза 25 сомонӣ музди кор мегирад. Бо амри тақдир аз падар ҷудо ҳастанд.

Соли 2019 Фарида коллеҷи тиббии шаҳри Гулистонро хатм кард. Ӯ дипломашро гирифта, бо умеди дарёфти ҷойи кор ба беморхонаи назди маҳалли истиқоматаш равона шуд, аммо бенатиҷа.

Ба гуфтаи ӯ, дармонгоҳи мазкур ягона ҷойи муроҷиаташ набуда, тӯли 6 моҳи соли гузашта то ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд рафтааст.

Фарида Қодирова соли 2008 дар синни 11-солагӣ дучори садама гардида, то ин дам пойи чапаш 5 маротиба ҷарроҳӣ шудааст.

“Маблағи се ҷарроҳии маро худи ронанда, ки марди пиронсоли 72-сола буд, пардохт кард. Бори чаҳорум маблағро модарам супорида, ҷарроҳии охирин бо дастгирии барномаи хайриявии “Ормон” пардохт шуд”, – нақл мекунад ӯ.

Фарида мегӯяд, тӯли 3 соли таҳсилаш маблағи шартномаи коллеҷро, ки 4300 сомонӣ дар як сол буд, модараш месупорид. Вай акнун мехоҳад, пайваста кор карда, ёвару дастгири модараш бошад.

Мудири озмоишгоҳи санитарию гигиении Маркази мазкур Мутрибахон Ашрафова иброз дошт, ки Фарида сарфи назар аз мушкилоти нисбии ҳаракат (ӯ бо асо роҳ мегардад), духтари чаққон буда, аз рӯзи аввал бо масъулияти зиёд ба кор шурӯъ кард.

Ҳайати кормандони муассиса  аз шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо Фарида хурсанд буда, аз ин духтар фаъолияти пурсамар интизор доранд. Барои ӯ бо мусоидати роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода ғизои нисфирузӣ ва роҳкиро низ таъмин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.