Дар Тоҷикистон ҷашни Сада таҷлил гардид

Asia-Plus

Рӯзи якшанбе, 26-уми январ дар Тоҷикистон ҷашни Сада иди ба охир расидани сармо ва наздикшавии гармӣ таҷлил шуд. Ин ҷашн 50 рӯзу шаб пеш аз ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад.

Дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ (собиқ боғи Дӯстии халқҳо) дар Душанбе ба ин муносибат чорабиниҳои идона баргузор шуданд.

Дар ин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таъомҳои миллӣ, ярмаркаҳои ниҳол, сарулибос ва маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил шуданд.

Тоҷикистониёнро бо ин ҷашн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳният гуфт.

“Ҳамаи ҳамватанони азизро бо ҷашни бостонии Сада табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад”, – гуфта мешавад дар паёми шодбошии сарвари давлат ба ин муносибат.

Сарвари давлат қайд мекунад, ки “истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд”.

“Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд. Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин ойинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд”, – омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад.

“Ин маъракаи воқеан халқӣ моро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намоем, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунем, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонем ва тухмии серҳосил интихоб кунем. Дар баробари ин, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа замина гузорем”, – қайд мешавад дар паём.

Раисҷумҳур изҳори итминон мекунад, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву пешрафти Тоҷикистон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардум муждаи хуррамӣ хоҳад овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...