Душанбе ва Тошканд тартиби гузоштани поячӯбҳоро дар сарҳад баррасӣ мекунанд

Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон имрӯз, 27-уми январ ба Душанбе меояд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, гурӯҳи кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ, хадамоти сарҳадбонии Ӯзбекистон то 30-юми январ бо ҳамтоёни тоҷики худ тартиби гузоштани поячӯбҳоро дар сарҳад баррасӣ […]

Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон имрӯз, 27-уми январ ба Душанбе меояд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, гурӯҳи кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ, хадамоти сарҳадбонии Ӯзбекистон то 30-юми январ бо ҳамтоёни тоҷики худ тартиби гузоштани поячӯбҳоро дар сарҳад баррасӣ мекунанд.

Аввали моҳи январ зимни вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар Тошканд розигии комили ҷонибҳо оид ба хатти сарҳади давлатии ду кишвар ҳосил шуда буд.

Корҳои таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳади давлатӣ байни ду кишвар соли гузашта ба поён расида, ҷонибҳо санадҳоро имзо карданд. Акнун дар харитаҳо хатти дақиқи марзҳои муштараки ду кишвар ишора карда мешавад.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти мушатараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.