7,5 миллион сомонӣ камбудӣ дар идораҳои буҷетии Хатлон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон соли 2019 дар ташкилоту идораҳои буҷетии минтақаи ҷануби Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст.

Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, аудиторони сарраёсати молия дар 633 ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои Хатлон санҷишҳои интихобӣ гузаронида, 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардаанд.

“Аз зарари ошкоршуда дар рафти санҷишҳо 7,2 миллион сомонӣ барқарор гардид. Аз ин маблағ 4,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,7 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рӯёнида шуд. Яъне аз ҷамъи умумии маблағҳои ошкоршуда 95 дарсад барқарор гардид”, – гуфт Назарзода.

Вай афзуд, камбуди маблағ аслан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва изофанависӣ дар сохтмонҳо ошкор шудааст.

“Дар соҳаи тандурустӣ бештар маблағҳо аз ҳисоби нодуруст муайян кардани музди меҳнат мебошад. Яъне дар робита ба ставкаҳои корӣ ва дараҷаи тахассусӣ нодуруст пардохт кардаанд. Аз ин ҳисоб 1,2 миллион сомонӣ ошкор шудааст”, – қайд кард сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.

Ӯ шарҳ надод, ки дар соҳаҳои дигар чӣ миқдор камбуди маблағҳо муайян гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.