Прокурори генералӣ: аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” 20 нафар боздошт шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шаби 6-уми ноябр сурат пазируфт, наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, миёни боздоштшудагон шахсони бевосита дар ҳамла иштирокнамуда ва ҳамчунин шахсоне ҳастанд, ки ба террористон дар амалисозии нақша кумак кардаанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон иброз дошт, ки парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ин далел ояндаи наздик ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон аз шарҳи минбаъда оид ба ин масъала бо сабаби сирри тафтишот худдорӣ варзид.

Шаби 6-уми ноябри соли гузашта гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд.

Намояндагони КДАМ таъкид дошта буданд, ки онҳо ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” буда, аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок ва 15 нафар ҷангиён кушта шуданд. КДАМ дар бораи боздошти 5 нафар ҷангиёни зиндамонда хабар дода буд, ки мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои мақомоти қудратӣ, дар ҷараёни тафтишот ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки онҳо узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва бо супориши махсус 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Афғонистон бо истифода аз торикии шаб сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.