Хуҷанд аз ширкати “Акиа Авесто” беш аз 50 мусофирбар мехарад

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 автобуси нав харидорӣ мешавад. Дар ин хусус масъулини маркази маъмурии вилояти Суғд бо корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе гуфтушунид кардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз ҳисоби сарфа кардани маблағҳои лоиҳа мо боз 50-60 адад автобусҳои наву замонавӣ харидорӣ мекунем”.

Ёдовар мешавем, тибқи лоиҳа бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 100 автобуси тамғаи “ЛИАЗ” аз Русия харидорӣ шуда, 2 сол инҷониб ба сокинони маркази вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон хизмат мерасонанд.

“Дар доираи лоиҳаи беҳтар гардонидани Корхонаи воҳиди давлатии нақтиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд харидории 100 адад автобус пешбинӣ гардида, барои ин қариб 21 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шуда буд. Дар натиҷаи гузаронидани тендерҳо мо қариб 6 миллион доллар маблағро сарфа кардем, ки он дар лоиҳа боқӣ мондааст. Азбаски ҳоло 2 банди лоиҳа – азнавсозии базаи нигаҳдории нақлиёт ва ташкил кардани фурӯши чиптаҳои электронӣ ба иҷро нарасидааст, мо он маблағҳои сарфашударо истифода карда наметавонем. Барои ҳамин агар тендерҳо доир шаванду маблағҳои он муайян гарданд, пули боқимондаро барои харидории автобусҳои нав равона мекунем”, – афзуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои масъулин, автобусҳои корхонаи муштараки туркию тоҷикии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе аз он сабаб харидорӣ мешаванд, ки дар оянда таъмири онҳо ва дастрас кардани қисмҳои эҳтиётӣ осон мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...