Прокурори гарнизони Хатлон: Иброҳим Ниёзов худро аз ошёнаи дуюм партофт

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Прокурори гарнизони Хатлон Наврӯз Тоирзода мегӯяд, хизматчии қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Иброҳим Ниёзов худро аз ошёнаи дуюми беморхона ба замин партофтааст.

Дар ин бора Тоирзода рӯзи 29-уми январ зимни нишасти матбуотии прокуратураи вилояти Хатлон изҳор дошт.

“Иброҳим Ниёзов рӯзи 13-уми ноябри соли 2019 аз комиcсариати ҳарбии ноҳияи Шаҳристон даъват шуда, мувофиқи тақсимот ба қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, мустақар дар ноҳияи Панҷ сафарбар карда мешавад. Дар қисми ҳарбӣ номбурда аз ҳуш меравад ва ӯро дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ мекунанд. Вай ҳангоми табобат худро аз ошёнаи дуюми беморхона ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад. Вобаста ба ин ҳолат шоҳидҳо ҳастанд”, – гуфт прокурори гарнизони Хатлон.

Вай афзуд, ки дар рафти санҷиши ин ҳодиса ягон ҳолати муносибати ғайриоинномавӣ нисбат ба ин сарбоз ошкор нашудаст.

“Дар рафти санҷиш ҳолати гирифтории Иброҳим Ниёзов ба бемории асаб ошкор карда шудааст. Вобаста ба он ки ҳангоми даъват номбурда бемор буд ё не ва то куҷо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ қонунӣ даъват шудааст, мо маводро аз рӯйи тобеъият ба Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ фиристодем. Зеро ӯ аз гарнизони мо даъват нашудааст ва аз рӯйи тобеъият мо ҳуқуқи санҷиши ин ҳолатро надорем”, – қайд кард Тоирзода.

Дар ҳамин ҳол, модари Иброҳим – Ҳалима Мирова ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, писарашро дар артиш ба ҳаде азият кардаанд, ки тавони суҳбат надорад. “Миёни бачам задагӣ, гуфтанд ғалтидагӣ аст, ба ман қоил нашуданд”, – афзудааст ӯ.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки Иброҳим Ниёзов соли гузашта Донишкадаи давлатии санъатро дар Душанбе хатм карда, дар мавсими даъвати тирамоҳӣ, ба гуфтаи наздиконаш, аз тариқи “облава” ба хизмат бурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...