Прокурори гарнизони Хатлон: Иброҳим Ниёзов худро аз ошёнаи дуюм партофт

Прокурори гарнизони Хатлон Наврӯз Тоирзода мегӯяд, хизматчии қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Иброҳим Ниёзов худро аз ошёнаи дуюми беморхона ба замин партофтааст. Дар ин бора Тоирзода рӯзи 29-уми январ зимни нишасти матбуотии прокуратураи вилояти Хатлон изҳор дошт. “Иброҳим Ниёзов рӯзи 13-уми ноябри соли 2019 аз комиcсариати ҳарбии ноҳияи Шаҳристон даъват шуда, мувофиқи тақсимот ба қисми […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Прокурори гарнизони Хатлон Наврӯз Тоирзода мегӯяд, хизматчии қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Иброҳим Ниёзов худро аз ошёнаи дуюми беморхона ба замин партофтааст.

Дар ин бора Тоирзода рӯзи 29-уми январ зимни нишасти матбуотии прокуратураи вилояти Хатлон изҳор дошт.

“Иброҳим Ниёзов рӯзи 13-уми ноябри соли 2019 аз комиcсариати ҳарбии ноҳияи Шаҳристон даъват шуда, мувофиқи тақсимот ба қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, мустақар дар ноҳияи Панҷ сафарбар карда мешавад. Дар қисми ҳарбӣ номбурда аз ҳуш меравад ва ӯро дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ мекунанд. Вай ҳангоми табобат худро аз ошёнаи дуюми беморхона ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад. Вобаста ба ин ҳолат шоҳидҳо ҳастанд”, – гуфт прокурори гарнизони Хатлон.

Вай афзуд, ки дар рафти санҷиши ин ҳодиса ягон ҳолати муносибати ғайриоинномавӣ нисбат ба ин сарбоз ошкор нашудаст.

“Дар рафти санҷиш ҳолати гирифтории Иброҳим Ниёзов ба бемории асаб ошкор карда шудааст. Вобаста ба он ки ҳангоми даъват номбурда бемор буд ё не ва то куҷо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ қонунӣ даъват шудааст, мо маводро аз рӯйи тобеъият ба Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ фиристодем. Зеро ӯ аз гарнизони мо даъват нашудааст ва аз рӯйи тобеъият мо ҳуқуқи санҷиши ин ҳолатро надорем”, – қайд кард Тоирзода.

Дар ҳамин ҳол, модари Иброҳим – Ҳалима Мирова ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, писарашро дар артиш ба ҳаде азият кардаанд, ки тавони суҳбат надорад. “Миёни бачам задагӣ, гуфтанд ғалтидагӣ аст, ба ман қоил нашуданд”, – афзудааст ӯ.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки Иброҳим Ниёзов соли гузашта Донишкадаи давлатии санъатро дар Душанбе хатм карда, дар мавсими даъвати тирамоҳӣ, ба гуфтаи наздиконаш, аз тариқи “облава” ба хизмат бурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.