Халабонҳои тоҷик бо таҷрибаи ҳамтоёни ӯзбеки худ шинос шуданд

Date:

Ҳафтаи равон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии сардори факултаи авиатсионии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Восиф Саломатшозода аз Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон боздид карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ин сафари ҷавобӣ буда, охири соли гузашта ҳайати Академияи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Душанбе бо ҷараёни омодасозии кадрҳои афсарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон бо имконоти муҳайёшуда барои таҳсили курсантҳо дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон аз наздик ошно гардиданд.

“Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон ба ҳамтоёни тоҷики мо таассуроти фаромӯшнопазир гузошта, онҳо ҷараёни омодасозиии босуръати халабонҳои ояндаи ӯзбекро пеш аз парвоз муафассал омӯхтанд”, – таъкид дошт Нозимиён.

Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти омӯзишгоҳ масоили табодули таҷриба, ҳамчунин имкони тайёр кардани халабонҳои ояндаи тоҷик дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...