Халабонҳои тоҷик бо таҷрибаи ҳамтоёни ӯзбеки худ шинос шуданд

Ҳафтаи равон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии сардори факултаи авиатсионии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Восиф Саломатшозода аз Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон боздид карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ин сафари ҷавобӣ буда, охири соли гузашта ҳайати Академияи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Душанбе […]

Ҳафтаи равон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии сардори факултаи авиатсионии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Восиф Саломатшозода аз Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон боздид карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ин сафари ҷавобӣ буда, охири соли гузашта ҳайати Академияи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Душанбе бо ҷараёни омодасозии кадрҳои афсарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон бо имконоти муҳайёшуда барои таҳсили курсантҳо дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон аз наздик ошно гардиданд.

“Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон ба ҳамтоёни тоҷики мо таассуроти фаромӯшнопазир гузошта, онҳо ҷараёни омодасозиии босуръати халабонҳои ояндаи ӯзбекро пеш аз парвоз муафассал омӯхтанд”, – таъкид дошт Нозимиён.

Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти омӯзишгоҳ масоили табодули таҷриба, ҳамчунин имкони тайёр кардани халабонҳои ояндаи тоҷик дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.