Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва Хадамоти судиҷрочиёни кишвар оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

– Дар Serena Hotel (кӯч. Рӯдакӣ, 14) мактаби расонаҳо CABAR.asia иштирокчиёни марафон (ва дӯстони онҳо)-ро ба маросими тақдими ҷоизаҳо даъват мекунад. Оғоз соати 15:00. Даромадан озодона буда, бақайдгирӣ бо суроғаи https://forms.gle/B8mb6Z9PpEkk5CUX7 ҳатмӣ аст. Бо дигар саволҳо бо +992 939393290 муроҷиат карда метавонед.

– Дар Театри опера ва балет операи П. Чайковский «Иоланта» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 18.00. Билетҳо дар кассаи театр. Маълумот бо телефони 2216291

– Дар Театри таҷрибавии “Аҳорун” (кӯч. Раҳмон Набиев, 24) намоиши спектакли “Макбет” идома дорад. Оғоз соати 15:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6924 сомонӣ;

1 евро – 10.6878 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1530 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1865 — Манъи ғуломӣ дар ИМА.

1918 — Дар Русия тақвими григорианӣ ( солшумории нав) ҷорӣ карда шуд.

1927 — Ташкили ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1989 — Парвози мунтазами ҳавопаймои бузургтарини мусофирбар дар ҷаҳон «Боинг 747-400» оғоз гардид.

2002 — Дар Тоҷикистон истгоҳи аввалини рақамии телефонӣ ба истифода дода шуд.

1935 — Зодрӯзи нависанда ва журналисти русзабони Тоҷикистон Борис Пшеничный, ки муддати зиёд ба ҳайси сардабири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Коммунист Таджикистана» фаъолият дошт.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Зодрӯзи Вангелия Пандева Димитрова,  ки бештар ҳамчун Ванга, соҳибкаромот, фолбин аст, ки қариб бехато рӯйдоду ҳодисаҳои чандин соли ояндаро пешгӯӣ ва бо истеъдоди бесобиқаи худ беморонро шифо мебахшид.

31 январи соли 1924 – 96 сол пеш аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) қабул шуд.

31 январи соли 1729 дар Истанбул (Туркия) нахустин китоби чопӣ бо хати арабӣ нашр шуд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии заргарон ҷашн гирифта мешавад, ки соли 2008 дар ҷашнвораи заргарони ҷавон дар Тошканд таъсис дода шуд.

Ин ҷо якчанд намунаи ороишоти занони тоҷикро манзуратон мегардонем.

Файзинисо Хоҷаева аз синни 13-солагӣ ба ин касб машғул аст.

31 январ Рӯзи истеҳсоли аввалин арақ (водка)-и русӣ шуморида мешавад. Сабаби таъсиси чунин рӯзи ғайрирасмӣ дар он аст, ки дар ин рӯзи соли 1865 дар Петербург Дмитрий Менделеев рисолаи маъруфи доктории худро дар мавзӯи “Пайваст кардани спирт бо об” ҳимоя кард.

Боз дар бораи нӯшокиҳо: дар ин рӯз 127 сол пеш тамғаи тиҷоратии «Coca-Cola» ба қайд гирифта шуд.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағийрёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида тумани суст мефарояд, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 7-12° хунук то 14-19° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 28-33 хунук, (дар мавзеи Булункул то 50-52 хунук), рӯзона 12-17° хунук, (дар мавзеи Булункул то 23-25 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағийрёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 13-15° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...