Дастоварди Муниса Ойматова дар мусобиқаи кушоди Фуҷайра

Asia-Plus

Таэквондочиёни ҷавони кишвар дар 8-ум мусобиқаи кушоди Фуҷайра (8th Fujairah Open 2020) сазовори се медал – як тилло, ду биринҷӣ гардиданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа аз 31 январ то 2 феврал дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда,дар он 1806 варзишгар аз 38 давлат дар 4 синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон – рақобат намуданд.

“Медали тиллоро Муниса Ойматова дар вазни -49кг сазовор шуд. Ӯ дар даври аввал бар намояндаи Покистон Иша Сафдар, дар даври дуюм бар варзишгари Миср Малак Муҳаммад Сиррӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Элноз Нозимова ва дар финал бар варзишгари дигари Покистон Фотима Зуҳро Ховар дастболо шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Қайд мешавад, ки Муниса Ойматова соли гузашта дар ҳамин мусобиқа медали нуқра ба даст оварда буд.

Гуфта мешавад, медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Мирзоев ва Абубакр Фатҳуллоев гашт. Парвиз дар вазни -48кг миёни ҷавонон дар ду даври аввал намояндагони АМА Иброҳим Салоҳ Аҳмад ва Умар Хонро мағлуб намуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Миср Абдул Салоҳ Ҳайтам, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард. Абубакр дар вазни -57кг миёни наврасон дар даври аввал бар намояндаи АМА Фарис Ал Саид ғалаба кард, вале дар нимфинал аз Юсуф Санади мисрӣ мағлуб гардида, медали биринҷиро сазовор шуд.

Тибқи иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, дар мусобиқа дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати 6 варзишгар – Моҳру Ҳалимова (-67кг) миёни калонсолон, Парвиз Мирзоев (-48кг), Маҳмадраҷаби Бобоҷон (-59кг), Муниса Ойматова (-49кг) миёни ҷавонон, Абубакр Фатҳуллоев (-57кг) миёни наврасон, Алиҷон Фатҳуллоев (-28кг) миёни кӯдакон, 2 мураббӣ – Фозилов Исломиддин, Қодиров Шамсулло ва 2 довари дараҷаи байналмилалӣ – Мирзоев Давлатшо, Алиназаров Вафоназар ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафарбар гардида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...