Коронавирус: 300 нафар дар Тоҷикистон дар карантин қарор доранд

300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд. […]

Манзума Фирӯз, Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори омадагон беш аз 220 нафар дар беморхонаи сироятии пойтахт бистарӣ шудаанд.

“Айни замон беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон барои қабули дигар беморон баста аст. Он ҷо беш аз 220 кас бистариянд. Боз 80 нафар дар минтақаҳои карантинии дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар қарор доранд. Беморони худи дармонгоҳро дар беморхонаи сироятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойгир карданд”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, миёни касоне, ки дар карантин мебошанд, асосан донишҷӯёну тоҷирон ва ҳамчунин шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ҳузур доранд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ҳамаи шахсони аз Чин омадаро санҷида, ба беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон фиристоданд. Зикр гардид, ки онҳо аз Чин тариқи хатсайри Алмаато-Душанбе омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба қатъи парвозҳо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба хонаҳояшон аз Чин дучори мушкилот шудаанд. Дар Facebook рӯзи якшанбе навори видео нашр шуд, ки дар он эътирози донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин мушоҳида мешавад. Онҳо лавҳаҳо бо навиштаҷоти англисии “Мо хона рафтан мехоҳем!”-ро дар даст доранд.

Гап сари он аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» донишҷӯёни хориҷиро ба дохили ҳавопаймо роҳ надод, ҳарчанд онҳо ба ҳамин хатсайр чипта доштанд. Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, ба дохили ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русия роҳ дода шуданд. Ба дархости “Азия-Плюс” дар бораи сабаби чунин амал аз хадамоти матбуоти «Уральские авиалинии» то ҳол посух нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.