Таъсиси ситоди доимии муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба ҳайати ситод роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, меҳнат, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода, телевизиону радио, сайёҳӣ, Идораи роҳи оҳан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар шомиланд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Иҷрои ҳамаи қарор ва тавсияҳои ситоди муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо дастури ситод имрӯз назорати санитарӣ, карантинӣ ва муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ пурзӯр карда шуда, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ бунгоҳҳои шабонарӯзии тиббӣ ва карантинӣ амал мекунанд. Дар ин нуқтаҳо тепловизорҳо насб шуда, ҳар як шахсе, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, аз санҷиши доштан ё надоштани аломатҳои сироят ё беморӣ ба коронавирус санҷида мешавад.

“Агар дар шахс аломатҳои коронавирус ошкор шавад, ӯ ба муҳлати 14 рӯз дар палатаи махсуси сироятӣ ба карантин гирифта мешавад. Ӯро ба воситаи нақлиёти махсус ба палата меоранд. Айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии дахлдори кишвар биноҳои ҷудо нигаҳдорӣ (изоляторҳо) тайёр карда шудаанд”, – хабар дод манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони Чинро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, зери назорати махсус мегирад.

Ба вазорату идораҳои марбутаи кишвар супориш дода шудааст, бо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни ҳол дар Чин қарор доранд, ҳамеша дар тамос бошанд.

Тавре манбаъ қайд кард, масъалаи ба Ватан овардани онҳо баррасӣ мешавад.

“Эпидемиологҳои шинохтаи тоҷик ба ситод итминон медиҳанд, ки пешгӯйиҳо оид ба паҳншавии вируси нав дар қаламрави Тоҷикистон аз эҳтимол дуранд”, – гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми феврал ба раиси Чин Си Ҷинпин мактуб фиристода, дар он аз фавти мардуми ин кишвар бар асари хуруҷи беморӣ изҳори таслият кардааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сирояти коронавирус мушоҳида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, то субҳи имрӯз шумори беморон аз вируси 2019-nCoV дар Чин то 17 205 нафар афзуда, 361 нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...