Таъсиси ситоди доимии муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон

Ба ҳайати ситод роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, меҳнат, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода, телевизиону радио, сайёҳӣ, Идораи роҳи оҳан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар шомиланд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод. Иҷрои ҳамаи қарор ва тавсияҳои ситоди муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд. Ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба ҳайати ситод роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, меҳнат, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода, телевизиону радио, сайёҳӣ, Идораи роҳи оҳан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар шомиланд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Иҷрои ҳамаи қарор ва тавсияҳои ситоди муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо дастури ситод имрӯз назорати санитарӣ, карантинӣ ва муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ пурзӯр карда шуда, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ бунгоҳҳои шабонарӯзии тиббӣ ва карантинӣ амал мекунанд. Дар ин нуқтаҳо тепловизорҳо насб шуда, ҳар як шахсе, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, аз санҷиши доштан ё надоштани аломатҳои сироят ё беморӣ ба коронавирус санҷида мешавад.

“Агар дар шахс аломатҳои коронавирус ошкор шавад, ӯ ба муҳлати 14 рӯз дар палатаи махсуси сироятӣ ба карантин гирифта мешавад. Ӯро ба воситаи нақлиёти махсус ба палата меоранд. Айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии дахлдори кишвар биноҳои ҷудо нигаҳдорӣ (изоляторҳо) тайёр карда шудаанд”, – хабар дод манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони Чинро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, зери назорати махсус мегирад.

Ба вазорату идораҳои марбутаи кишвар супориш дода шудааст, бо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни ҳол дар Чин қарор доранд, ҳамеша дар тамос бошанд.

Тавре манбаъ қайд кард, масъалаи ба Ватан овардани онҳо баррасӣ мешавад.

“Эпидемиологҳои шинохтаи тоҷик ба ситод итминон медиҳанд, ки пешгӯйиҳо оид ба паҳншавии вируси нав дар қаламрави Тоҷикистон аз эҳтимол дуранд”, – гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми феврал ба раиси Чин Си Ҷинпин мактуб фиристода, дар он аз фавти мардуми ин кишвар бар асари хуруҷи беморӣ изҳори таслият кардааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сирояти коронавирус мушоҳида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, то субҳи имрӯз шумори беморон аз вируси 2019-nCoV дар Чин то 17 205 нафар афзуда, 361 нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.