Нақшаи нодуруст – омили иҷро нашудани қисми даромади андоз

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сабаби иҷро нашудани нақшаи қисми даромади буҷетро муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солеҳзода дар нақшабандии нодурусти намудҳои андоз медонад. Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарии 3-юми феврал ибрози назар кард.

“Дар ҳама ҳолат нодуруст банақшагирии қисми даромади буҷет аз рӯйи намуди андозҳо ба мушкилӣ оварда мерасонад. Дар вилоят ду намуди андоз таъмин нашуд ва аз ин ҳисоб 61 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Ин андоз аз арзиши иловашуда – 52,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби андози иҷтимоӣ – 9 миллион сомонӣ. Аз дигар намуди андозҳо мо аз нақша 65 миллион сомонӣ бештар ҷамъоварӣ кардем. Ин рақамҳоро Шумо худ таҳлил кунед”, – гуфт Солеҳзода.

Вай афзуд, омилҳои дигари иҷро нашудани қисми даромади буҷет сатҳи пасти маърифати андозсупорӣ ва дуруст ба роҳ монда натавонистани коргузорӣ дар самти ҷамъоварии андоз мебошад.

“Соли 2019 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қисми даромади буҷаашро дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ иҷро накард. Давоми як соли охир 3-4 сардори нозироти андози ноҳия иваз карда шуд. Сабабаш дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо ва ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадории мансабиашон буд, ки нақшаи қисми даромади андози ноҳия иҷро нашуд”, – илова кард ӯ.

Дар идомаи суҳбаташ Абдурозиқ Солеҳзода гуфт, ки дар баробари омилҳои мазкур боз сабабҳои дигар ҳастанд: “Мо айни замон ба хотири саривақт ҷамъоварӣ шудани андозҳои давлатӣ кӯшиш карда истодаем, ки бо васеъ кардани доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ маърифати андозсупории мардумро баланд бардорем. Агар мо ба ин мақсад бирасем, раванди ҷамъоварии андоз ба маротиб осон ва босифат хоҳад шуд”.

Муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон гуфт, ки 152 нафар кормандони мақомоти андоз бо назардошти натиҷаҳои соли 2019 аз вазифа озод гардиданд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 39 корманди нозироти андоз аз мақомот ронда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...