Ширкати ҳавопаймоии эронӣ парвозҳоро аз Теҳрон ба Душанбе оғоз кард

Asia-Plus

Парвози тайёра миёни шаҳрҳои Теҳрон – Душанбе – Бишкек тавассути ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines рӯзи 3-юми феврал сурат пазируфт.

Бино ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин иқдом “ба манзури рифоҳи ҳоли атбоъи се кишвар ва сафари гардишгарон ва бо муҷаввизи созмонҳои ҳавопаймоии кишварҳои мазкур анҷом шудааст”.

Тибқи барнома, замони ин парвоз рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта, соати 4 субҳ аз фурудгоҳи байнулмилалии Имом Ҳумайнӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе мебошад. Баргашти он дар соати 9:30 субҳи ҳамон рӯз (ба вақти маҳаллӣ) аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва соат 13 (ба вақт маҳаллӣ) аз фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек хоҳад буд.

“Шоёни зикр аст, аз соли гузашта парвози мустақими Машҳад – Душанбе барқарор шудааст, ки бо тавсеаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мусофирон, мувофиқати созмонҳои ҳавопаймоии ду кишвар ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикӣ теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда низ афзоиш ёбад”, – хабар додааст сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон аввали моҳи июни соли 2019 пас аз таваққуфи қариб яксола барқарор шуданд. Рӯзи 6-уми июн ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аввалин парвози худро тариқи хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳад анҷом дод.

Парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳад пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии эронии Aseman Airlines амалӣ мекард. Охири моҳи сентябри соли 2018 бо ташаббуси ҷониби Эрон парвозҳо қатъ шуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба Эрон ширкати ҳавопаймоии Tajik Air анҷом медод, вале бинобар мушкилоти молиявӣ идомаи онҳо як муддат ғайриимкон шуд.

Tajik Air моҳи августи соли 2019 барқарор гардидани парвозҳои худро байни Душанбе – Машҳад эълон дошт. Як дафъа интиқоли мусофирон дар ин хатсайр анҷом дода шуд, аммо баъдан ширкат парвозҳоро дар ин самт боз мутаваққиф кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...