Қариб нисфи кормандони “Тоҷик Эйр” ихтисор шудаанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли як соли охир ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” водор шудааст, ки тақрибан нисфи кормандонашро ихтисор кунад.

“Соли 2019 шумораи кормандони ширкати ҳавопаймоӣ 525 нафар буд. То 20-уми январи соли равон теъдоди онҳо 279 нафар шуд”,- иттилоъ дод Азизмамад Қурбонов, муовини аввали раиси ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз, 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Номбурда аз кор рафтани кормандони ширкатро ба нафақа ва ихтисори онҳо рабт дод.

Қурбонов таъкид кард, ки қарзи ширкат дар назди кормандон айни замон 11,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода мегӯяд, ки теъдоди ҳайати парвози 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”) дар соли гузашта бетағйир мондааст. Ӯ қайд кард, ки дар ин ду ширкат 115 халабон кор мекунанд ва агар нафаре аз онҳо рафта бошад, аз як ширкати ҳавопаймоӣ ба дигараш гузаштааст.

Субҳонзода афзуд, ки соли гузашта “Тоҷик Эйр” 8 халабони хориҷиро ба кор гирифт.

Қобили зикр аст, ки “Тоҷик Эйр” тӯли ҳашт моҳи соли 2019 бинобар мушкилоти молиявӣ ягон парвоз анҷом надода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...