Қариб нисфи кормандони “Тоҷик Эйр” ихтисор шудаанд

Тӯли як соли охир ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” водор шудааст, ки тақрибан нисфи кормандонашро ихтисор кунад. “Соли 2019 шумораи кормандони ширкати ҳавопаймоӣ 525 нафар буд. То 20-уми январи соли равон теъдоди онҳо 279 нафар шуд”,- иттилоъ дод Азизмамад Қурбонов, муовини аввали раиси ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз, 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе. Номбурда аз кор рафтани кормандони ширкатро […]

Тӯли як соли охир ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” водор шудааст, ки тақрибан нисфи кормандонашро ихтисор кунад.

“Соли 2019 шумораи кормандони ширкати ҳавопаймоӣ 525 нафар буд. То 20-уми январи соли равон теъдоди онҳо 279 нафар шуд”,- иттилоъ дод Азизмамад Қурбонов, муовини аввали раиси ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз, 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Номбурда аз кор рафтани кормандони ширкатро ба нафақа ва ихтисори онҳо рабт дод.

Қурбонов таъкид кард, ки қарзи ширкат дар назди кормандон айни замон 11,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода мегӯяд, ки теъдоди ҳайати парвози 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”) дар соли гузашта бетағйир мондааст. Ӯ қайд кард, ки дар ин ду ширкат 115 халабон кор мекунанд ва агар нафаре аз онҳо рафта бошад, аз як ширкати ҳавопаймоӣ ба дигараш гузаштааст.

Субҳонзода афзуд, ки соли гузашта “Тоҷик Эйр” 8 халабони хориҷиро ба кор гирифт.

Қобили зикр аст, ки “Тоҷик Эйр” тӯли ҳашт моҳи соли 2019 бинобар мушкилоти молиявӣ ягон парвоз анҷом надода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.