Раисҷумҳур: Ҷиноятҳои коррупсионӣ камбудии ҷиддии мақомоти судӣ мебошад

Asia-Plus

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7-уми феврал бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин шуданд, мулоқот кард.

Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин шуданд, 58 нафарашон баъд аз таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тариқи озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии ҶТ ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат раисҷумҳур аз волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо сухан ронда, кадрҳои ҷавонеро, ки акнун дар системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявӣ даъват кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ аз кумаку ғамхорӣ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, бунёди садҳо бинову иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ёдовар шуда, афзуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ барои беҳбуди шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

“Мо дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини фаъолияти шаффофу мустақилияти судҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба мутобиқати қонунгузорӣ ба санадҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ ва талаботи замон тағйиру иловаҳо ворид намуда, ислоҳоти соҳаро давра ба давра амалӣ карда истодаем”, – гуфт президент.

Судяҳо ҳамчун намояндаи босалоҳияти давлат дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд одоби касбиро риоя карда, вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияти баланд амалӣ созанд, таъкид гардид зимни суҳбат.

“Ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбудии аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай афзуд, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вазифадоранд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва тоза кардани мақомоти судӣ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фарҷоми мулоқот раисҷумҳур ба ҳамаи кадрҳои таъйиншуда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...