Гумрук барои коронавирус 3 мошин себи покистониро бозпас гардонд

Раёсати гумруки вилояти Хатлон ба 3 мошин себи истеҳсоли Покистон ба хотири пешгирӣ аз коронавирус иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро надод. Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. “Ҳафтаи гузашта мошинҳои себ аз Покистон тариқи хоки Афғонистон омада, мехостанд, аз гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поёни ноҳияи Ҷайҳун вориди Тоҷикистон […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раёсати гумруки вилояти Хатлон ба 3 мошин себи истеҳсоли Покистон ба хотири пешгирӣ аз коронавирус иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро надод.

Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Ҳафтаи гузашта мошинҳои себ аз Покистон тариқи хоки Афғонистон омада, мехостанд, аз гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поёни ноҳияи Ҷайҳун вориди Тоҷикистон шаванд. Дар асоси супориши Ҳукумати ҶТ ба хотири пешгирӣ аз бемории коронавирус ба ин мошинҳои боркаш иҷозаи вуруд надода, онҳоро бозпас ба кишвари истеҳсолкунанда фиристодем”, – гуфт Маҳмадалиев.

Аммо ӯ шарҳ надод, ки дар ин 3 мошин чанд тонна себ буд ва кадом ширкат мехост онро ворид кунад.

Вай афзуд, ҳарчанд хуруҷи бемории коронавирус дар Чин бошад ҳам, ба хотири эҳтиёт воридоти мевагӣ аз хориҷ манъ шудааст.

“Барои мевагӣ ва дигар маводи хурокворӣ мувофиқи қоида бояд аз қабл иҷозаи ворид карданро гирифт ва баъдан маҳсулотро овард. Соҳибкороне, ки мехостанд ин 3 мошин себро биёранд, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта иҷозаи воридотро гирифта буданд. Аз чӣ бошад, ки масъалаи оварданаш тӯл кашид ва дар ин байн мушкили бемории коронавирус пайдо шуд. Бинобар ин, мо иҷозаи воридоташро надодем”, – илова кард сардори Раёсати гумруки Хатлон.

Ба қавли ӯ, дар соли 2019 ҳамагӣ як ҳолати бозпасгардонии маҳсулоти ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст. “Аз Покистон як миқдори муайян гӯшт мехостанд ворид кунанд, вале ба хотири ҷавобгӯйи талабот набуданаш, мо онро бозпас гардонидем”, – гуфт Маҳмадиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.