МегаФон Тоҷикистон ғолибони озмуни “Бозёфт-2019”-ро табрик кард

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Бозёфт-2019”-ро табрику таҳният гуфт. Туҳфаҳои оператори нахустини имкониятҳои нави рақамиро хонандагони синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Хонандагон инчунин дар озмуни авроосиёӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Раҳимҷон Ҳакимов дар озмун лоиҳаи “Гармхонаи доно”-ро, ки муддати зиёд аз болои он ҳамроҳи рафиқони ҳамсоли худ Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очиров кор мекард, муаррифӣ намуд. МегаФон Тоҷикистон иштирокчиёни боистеъдодро пас аз хатми омӯзиш ба кор даъват карда, дар баробари ин, ба онҳо рақамҳои қиматнокро бо тарофаи пайвасти “Биё! Фаъол бош” ҳадя намуд. Тӯли як соли пурра ғолибони озмун ба шарофати интернети баландсуръати ҳадяшудаи мобилӣ ба сомонаҳои омӯзишӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.

“Ман аз роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои дастгирии хонандагони боистеъдод хеле миннатдорам. Ӯ барои табрик намудани онҳо бевосита ба синфхона даромада, ин амалро дар назди ҳамаи ҳамсинфон анҷом дод. Ваҷду хурсандии онҳо интиҳо надошт! Мо ба дастовардҳои хонандагонамон ифтихор дорем ва минбаъд низ муваффақияташонро ҳамроҳӣ менамоем”, – изҳор дошт директори литсейи физикӣ-математикӣ Моҳира Азимова.  

“Чунин хонандагон – ояндаи давлатӣ мо мебошанд. Хеле муҳим он аст, ки донишдӯстӣ, фаъолнокӣ ва нерӯи беандозаи онҳо бо мурури замон коҳиш наёбанд. Ин сифатҳо ба онҳо дар илм, сиёсат ва тиҷорат кӯмак хоҳанд кард. Барои дастгирии иштирокчиён, майлу рағбати онҳо ба инкишофу такмили қобилиятҳо мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки пас аз хатми мактаби олӣ фаъолияти кории худро дар ширкати МегаФон ба роҳ монанд. Мутмаинам, ки бо ин ҳадаф онҳо мутахассисони корозмуда хоҳанд шуд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...