Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Чин ба беш аз 900 нафар расид

Тибқи маълумоти навшудаи табибони Чин, дар ин кишвар 40 171 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 35 982 нафар мавриди муолиҷа қарор дошта, 6484 кас дар ҳолати вазнин мебошанд. Аз бемористонҳо 3281 нафар ҷавоб дода шудаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад. Дар маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин гуфта мешавад, шумори қурбониён аз коронавируси […]

Тибқи маълумоти навшудаи табибони Чин, дар ин кишвар 40 171 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 35 982 нафар мавриди муолиҷа қарор дошта, 6484 кас дар ҳолати вазнин мебошанд. Аз бемористонҳо 3281 нафар ҷавоб дода шудаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

Дар маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин гуфта мешавад, шумори қурбониён аз коронавируси нав дар ин кишвар ба 908 нафар расидааст.

Ғайр аз ин, дар Гонконг 36 ҳолат (як нафар фавтид), Макао – 10 ва Тайван – 18 (як нафар аз бемористон ҷавоб шудааст) ҳолати сироятёбиро ба қайд гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз охири соли гузашта – замони оғози хуруҷи коронавируси қаблан номаълум дар шаҳри Ухани Чин, ҳукумати ин кишвар ба сурати умум аллакай зиёда аз 10 млрд. доллар харҷ кардааст. Олимони Мактаби беҳдошт ва пажӯҳиши бемориҳои тропикии Лондон пешгӯйӣ кардаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи феврал паҳншавии коронавирус ба авҷи худ мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.