Таҳияи лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилиро таҳия кард, ки дар парлумони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин Кодекс қонунҳои қаблан қабулшудаи Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фарогири фаъолияти нақлиёти автомобилиро иваз мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилиро таҳия кард, ки дар парлумони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ин Кодекс қонунҳои қаблан қабулшудаи Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фарогири фаъолияти нақлиёти автомобилиро иваз мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод.

Лоиҳаи Кодекс аз ҷониби ҳукумат бо тавсияҳои Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  омода шудааст.

Кодекс мутобиқати меъёрҳои қонунгузории миллиро бо меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда таъмин мекунад.

Зимни омодакунии Кодекс таҳиягарони он таҷрибаи кишварҳои рушдёфтаро дар соҳаи истифодаи пурсамари нақлиёти автомобилӣ ба инобат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.