Эҳтимоли тамдиди муҳлати қайди дубораи симкорт бо ID-шиносномаҳо

Вазорати корҳои дохилӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навишта, дар он дархост кардааст, ки муҳалти қайду дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) дароз карда шавад. Аммо аз он ҷо то ҳол посух наомадааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод. “Дар нома зикр шуд, ки дар робита […]

Вазорати корҳои дохилӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навишта, дар он дархост кардааст, ки муҳалти қайду дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) дароз карда шавад. Аммо аз он ҷо то ҳол посух наомадааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод.

“Дар нома зикр шуд, ки дар робита ба ҳолатҳои техникӣ, вазорат ба додани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ дар муҳлати муқарраршуда фурсат наёфт. Ҳамчунин дар мактуб қайд шуд, ки додан ва дубора ба қайд гирифтани шумори хеле зиёди симкортҳо дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст. Дар ин робита ВКД аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дархост кард, ки муҳлати қайди дубораи симкорт бо ID-шиносномаҳо дароз карда шавад”, – иттилоъ дод манбаъ.

Вай афзуд, ба гумони ғолиб, ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлати қайди дубора қарор қабул мекунад, лекин он кай эълон мешавад ва муҳлат чӣ қадар тамдид мешавад, алҳол маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз мизҳои шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандони барои гирифтани шиносномаҳои нав хабар додаанд, ки шитоб кардан лозим нест, чунки муҳлати қайди дубора дароз мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврали соли 2020 муҳлати муқарраршудаи дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15-уми августи соли 2019) аз нав ба қайд гиранд.

Қаблан дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки то ҳол 3,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.

“Агар 3 млн. 855 ҳазор нафар муштариён то 15-уми феврал симкортҳояшонро дубора бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд нагузоранд, мувофиқи талаботи қарор, рақамҳои онҳо ғайрифаъол гардонида мешавад. Дар Тоҷикистон 6,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,8 млн. нафари онҳо корбарони фаъол мебошанд. Мо бори дигар бо дархости дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳо ба ҳукумат муроҷиат кардем. Дароз шудан ё нашудани муҳлати қайди дубораи симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав акнун танҳо ба ҳукумат вобаста аст”, – хабар дода буд қаблан дар нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

Барои ивази шиноснома чӣ лозим аст?

Шиносномаи намунаи соли 2014-и шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлати 10 сол дода шуда, ҳар 10 сол шумо онро ҳатман бояд иваз кунед.

Барои иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1. Шиносномаи намунаи соли 1996.

2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).

4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).

5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.

6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм.

Маблағи ҷаримаи шиносномаи муҳлати ивазаш гузашта 110 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.