Ҳавопаймои “Сомон Эйр” барои овардани тоҷикистониён ба Ухан рафт

Имрӯз, 10-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКХ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон тайёраи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз намуд. Ба иттилои манбаъ, кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи […]

Имрӯз, 10-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКХ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон тайёраи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз намуд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Ухан шуданд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Пекин, то 8-уми феврал дар шаҳри Ухан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Ҳавопаймои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ мебошад, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронӣ: [email protected] ё рақамҳои зерини телефони ҳамроҳ муроҷиат кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов).

Қаблан  сардори КҲФ-и Тоҷикистон Рустам Назарзода ба Азия-Плюс гуфт:  “Аз Тоҷикистон ба шаҳри Вухани Чин кумаки башардӯстона бурда мешавад, ки он аз оби маъданӣ, афшураҳо, меваҳои тару тоза, меваҳои хушк ва ғайра иборат аст. Дар роҳи бозгашт ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ин шаҳр бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус ба Тоҷикистон бармегардонад. Онҳоро кормандони махсус омӯзонидашудаи КҲФ ва табибон ҳамроҳӣ мекунанд”.

Сарвари Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон Самариддин Алиев низ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки барои донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз шаҳри Ухани Чин оварда мешаванд, минтақаи алоҳидаи карантинӣ омода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.