Таъсиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия

Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Малайзия вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишвар, аз ҷумла, таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ба таҳкиму густариши муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина иброз шуд, ки дар фурсати наздик Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия таъсис дода мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо муовини сарвазири  Малайзия Дато Сери Ван Азизаҳ бинти Ван Исмоил вохӯрд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории густурда байни ду кишвар ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор сурат пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шоҳи Малайзия ва даъватномаи сарвазири Тоҷикистон ба сарвазири Малайзияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, ба мусоҳиби худ супорид.

Дар ҷараёни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Дар Куала-Лумпур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин бо донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун мутахассиони дорои маълумоти сатҳи байнулмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.