Кумаки душанбегиҳо ба нозирони БДА дар ошкор кардани 62 қоидавайронкунӣ дар роҳҳо

Давоми чанд рӯзи охир бо мусоидати аҳолӣ 35 ронандаи қонуншикан ҷарима ва ҳолатҳои қоидавайронкунии боз 27 ронанда баррасӣ мешавад. Сокинони шаҳри Душанбе аксҳои 62 мошинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, ки ронандагони онҳо ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт дағалона ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳамагӣ дар давоми […]

Давоми чанд рӯзи охир бо мусоидати аҳолӣ 35 ронандаи қонуншикан ҷарима ва ҳолатҳои қоидавайронкунии боз 27 ронанда баррасӣ мешавад.

Сокинони шаҳри Душанбе аксҳои 62 мошинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, ки ронандагони онҳо ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт дағалона ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳамагӣ дар давоми 2 рӯзи аввали баррасӣ 35 ҳолати қоидавайронкуниҳои дар аксҳо иъикосшуда ошкор ва муайян гардид.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” (рақ. давлатиаш 4242 НР 01) Аъзамҷон Ҳакимзода, ки бо суръати баланд ва кушодани парчами давлатӣ дар шишаи мошин ҳаракат мекард, муҷозот шуд.

“Ҳеҷ яке аз аксҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошташуда бо ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бе таваҷҷуҳу баррасӣ намемонад”, – итминон медиҳад милитсияи пойтахт.

Муайян шудааст, ки ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағал ба самти муқобили роҳ ҳаракат кардаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.