Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Академияи илмҳо (соати 9:00), Кумитаи ҷавонон ва варзиш (11:00), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (10:00) ва КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ (10:00) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 […]

АНОНС

– Дар Академияи илмҳо (соати 9:00), Кумитаи ҷавонон ва варзиш (11:00), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (10:00) ва КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ (10:00) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6929 сомонӣ;

1 евро – 10.6292 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1508 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1962 – Анҷумани III-юми оҳангсозони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2019 – Дар шимоли Тоҷикистон бузургтарин дар минтақа корхонаи ресандагии “Анубин” (собиқ ҶСП “Олим Тексатйлз”) дубора ба кор шурӯъ кард.

1913 – Зодрӯзи оҳангсоз Насим Пӯлодов.

1914 – Мавлуди актёри кино Зоҳир Дӯстматов, иҷрокунандаи нақши судхӯр Қорӣ-Исмат дар кинофилми «Марги судхӯр».

1936 – Зодрӯзи шоир ва публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.

1940 – Мавлуди рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.

1941 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев.

1941 – Мавлуди муаррих Абдукабир Гадоев.

1948 – Зодрӯзи сароянда Қурбон Содиқов.

1952 – Мавлуди журналист Нарзулло Латифов.

1956 – Зодрӯзи журналист, котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

1965-2015 – Мавлуди журналист Акбаралӣ Сатторов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Чархи гардун».

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

10 феврал Рӯзи умумиҷаҳонии зироатҳои ғалладонагии лӯбиёгӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ҳадаф аз он таваҷҷуҳ ба саҳми бузурги ин навъи зироатҳо дар ҳалли масолили таъминот бо озуқаворӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо истеъмоли онҳо мебошад.

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии бори нахуст ба кор бурдани дарзмол шуморида мешавад.

89 сол пеш Ню-Деҳли пойтахти Ҳиндустон шуд. То ин дам пойтахти Ҳиндустони Бритониёӣ Калкутта шуморида шуда, Деҳли маркази сиёсӣ ва молиявӣ дониста мешуд. Ню-Деҳли яке аз ноҳияҳои шаҳри Деҳлӣ мебошад, ки ҳамагӣ 42,7 километри мураббаъ масоҳат дорад.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, борон, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 0-5° хунук то 5-10° хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят шабона 23-28 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 36-38° хунук), рӯзона 6-11° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 13-15° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5° хунук то 5-10° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона -1+1° мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.