Даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020: “Хуҷанд” – “Нефтчӣ”

Дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО, AFC)-2020 дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота, барандаи Ҷоми Қирғизистон бозӣ мекунад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  барои ҳозир нашудани дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ба бозӣ бо “Нефтчӣ”, ки бояд рӯзи 5 феврал дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир мегардид, тими “Аҳал”-и Туркманистон, дорандаи медалҳои нуқраи […]

Дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО, AFC)-2020 дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота, барандаи Ҷоми Қирғизистон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  барои ҳозир нашудани дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ба бозӣ бо “Нефтчӣ”, ки бояд рӯзи 5 феврал дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир мегардид, тими “Аҳал”-и Туркманистон, дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа маҳрум шуд.

“Аҳал” аз КФО дархост кард, ки бозиро бинобар сабаби вазъ бо коронавирус ба вақти дигар гузаронанд, зеро Қирғизистон бо Чин ҳамсарҳад аст, лекин КФО посух дод, ки ба вохӯрӣ дар Ҷалолобод чизе таҳдид намекунад ва бозӣ бояд дар вақти таъиншуда баргузор гардад.

Аз ин рӯ, дар марҳилаи плей-офф барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” бо ҳам рақобат мекунанд. Бозии аввал рӯзи 19 феврал дар Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ рӯзи 26 феврал дар Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ аз рӯйи натиҷаҳои ду бозӣ, дастаи ғолиб ба иштирок дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «D» ҳамроҳ бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) ҳуқуқ пайдо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.