Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимии ориёиро эҳё карданиянд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон эҳёи боз як ҷашни қадимии мардуми ориёнажод “Тиргон” – Иди борон, ки ҳанӯз то замони пайдоиши Ислом таҷлил мешуд, дар назар аст.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотии рӯзи 10-уми феврал дар ин робита изҳор дошт, ки Тиргон замони тамаддуни ориёӣ ба таври густарда ҷашн гирифта мешуд.

“Тибқи маълумоти мавҷудаи таърихӣ ва ҳисобу китоби олимону коршиносони тоҷик, вақти ҷашни Тиргон ба фасли тобистон рост меояд”, – гуфт олими тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин вақт деҳқонон аз норасоии об барои обдиҳии заминҳои кишт танқисӣ кашида, ҳамроҳ дар як ҷо аз табиат дархост мекардаанд, ки ба замин борон диҳад.

“Дар таърихи мардуми ориёнажод идҳои зиёде буданд ва қариб ҳар ду моҳ, вақте ки мавсимҳо иваз мешуданд, онҳо идеро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни Тиргон бо ҷашнҳои дар замони истиқлолият эҳёшудаи Сада ва Меҳргон дар як саф қарор хоҳад гирифт”, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Чанде пеш зимни суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ин ҷашнро ёдрас карда буд.

“Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”, – изҳор дошт ӯ зимни суханронӣ моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе зимни Симпозиуми байнулмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...