Тоҷикистониён аз Ухан ба ватан оварда шуданд

Соати 07:00-и субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 54 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба Душанбе овард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҳавопаймо дар фурудгоҳи Айнӣ ба замин нишастааст. Ҳамаи ин шаҳрвандонро бо табибону кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, муддати 14 рӯз дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соати 07:00-и субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 54 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба Душанбе овард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҳавопаймо дар фурудгоҳи Айнӣ ба замин нишастааст.

Ҳамаи ин шаҳрвандонро бо табибону кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, муддати 14 рӯз дар карантин нигоҳ медоранд.

“Муддати ин рӯзҳо онҳо дар осоишгоҳи “Харангон”, воқеъ дар 15 километрии шимоли Душанбе қарор хоҳанд дошт”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 10-уми феврал бо мақсади аз Чин ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани ин кишвар парвоз кард. Бо ҳамин ҳавопаймо инчунин кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон ба Чин расонида шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби хуруҷи коронавируси нав дар Чин ба ватан интиқол дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.