Тоҷикистониён аз Ухан ба ватан оварда шуданд

Date:

Соати 07:00-и субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 54 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба Душанбе овард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҳавопаймо дар фурудгоҳи Айнӣ ба замин нишастааст.

Ҳамаи ин шаҳрвандонро бо табибону кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, муддати 14 рӯз дар карантин нигоҳ медоранд.

“Муддати ин рӯзҳо онҳо дар осоишгоҳи “Харангон”, воқеъ дар 15 километрии шимоли Душанбе қарор хоҳанд дошт”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 10-уми феврал бо мақсади аз Чин ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани ин кишвар парвоз кард. Бо ҳамин ҳавопаймо инчунин кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон ба Чин расонида шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби хуруҷи коронавируси нав дар Чин ба ватан интиқол дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...